Кумитаи забон тарҳи тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба Ҳукумат Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бори нахуст ин баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро чанд сол пеш донишманди тоҷик, Умед Ҷайҳонӣ коркард ва ба баррасии мақомот ва донишмандон пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи маъулони Кумитаи забон то кунун мавқеи […]

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба Ҳукумат Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бори нахуст ин баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро чанд сол пеш донишманди тоҷик, Умед Ҷайҳонӣ коркард ва ба баррасии мақомот ва донишмандон пешниҳод карда буд.

Ба гуфтаи маъулони Кумитаи забон то кунун мавқеи ҳукумат дар баробари ин пешниҳоди онҳо маълум нест, аммораиси Кумита мегӯяд, ки ин тарҳ аз сӯйи як коргуруҳи босалоҳияте, ки ду сол пеш ташкил шуда буд, омода шудааст.

"Дар ин гуруҳи корӣ ғайр аз забоншиносон ҳамчунин коршиносони ҳамаи сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла қувваҳои мусаллаҳ, додситонӣ, корҳои дохил ва ғайра шомил буданд",-сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён. 

Зулфониён дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд:  «Ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапорщик – силаҳбон,  лейтенант –  таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд,  подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».

Пештар аз ин, Умед Ҷайҳонӣ дар як суҳбат ба "Азия-Плюс" дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани пешнищодщо аз сӯйи мақомоти зидахл чунин гуфта буд:

"Дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард. Ҷуз аз раисҷумҳур дигар масъулину ниҳодҳо на иродаашро доранду на хосташро".

Ба бовари ман, тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ руҳи Шоҳномаро дар бадани Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хоҳад дамид, зеро он вожаҳо ҳама ё таърихӣ ҳастанд ва ё шоҳномаӣ ва ҳам аз дидгоҳи вожасозӣ ва ҳам аз дидгоҳи таърихӣ баробарҳои дақиқи дараҷаҳои низомии ҷорӣ ҳастанд, гуфта буд Ҷайҳонӣ.

Моҳи октябри соли гузашта масъулони Вазорати дифоъ низ ба "Азия-плюс" гуфта буданд, ки миллӣ кардани дараҷаҳои низомии артиш фақат аз ниҳоди онҳо вобаста нест. 

Он вақт, сардори Маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев гуфта буд, ки масъалаи миллӣ кардани дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистон дар Вазорати дифоъ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар оянда иҷроӣ мегардад. Ин манбаъ гуфта буд, ки миллӣ намудани дараҷаҳои низомии Артиши миллии Тоҷикистон чанд мавриди дигар низ ба Вазорат пешниҳод шуда, вале пазируфтани он танҳо кори Вазорати дифоъ нест.

Ҳоло марҳилаҳои гузариш аст, чун артиш низ аз сифр ташкил шуд ва аллакай мутобиқгардонии худи қисми воҳидҳои низомӣ ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ ҷараён дорад. Оҳиста-оҳиста мешавад. Мо давлати соҳибистиқлол дорем ва оянда ин кор амалишуданӣ аст. Вале давлатҳои шӯравии пешин номҳои рутбаҳои имрӯзаро ҳифз кардаанд. Агар сару либос, рамзҳои худро миллӣ карда бошанд, аммо номгӯи рутбаҳо мисли қаблӣ боқӣ мондаанд,  – илова кард Фаридун Маҳмадалиев.

Бояд гуфт, ки ду сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке  ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин Коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.