Дарахтшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи сохтмони майдони “Истиқлол”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 16 феврал бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар як гӯшаи боғ 36 адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд. Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани майдони “Истиқлол” ин […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 16 феврал бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар як гӯшаи боғ 36 адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд.

Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ гузошта мешавад.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони “Истиқлол” 11 ҳазор метри мураббаъи он аз руи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» соли 2021 ба истифода дода шавад.

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои дилфиреби пойтахт баҳравар шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.