Боздошти марде, ки ба сӯйи як зан “ҳаракатҳои бадахлоқона кардааст”

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод маст шудаву дар хиёбонҳо рафтори ғайриахлоқӣ мекардааст. Дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе гуфтааст ин гумонбарро бар асоси муроҷиати як ҷавонзан дастгир кардаанд.  Аз нафари гумонбар Диловар Ҳамидови 44-сола, сокини шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад. РВКД Душанбе […]

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод маст шудаву дар хиёбонҳо рафтори ғайриахлоқӣ мекардааст. Дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе гуфтааст ин гумонбарро бар асоси муроҷиати як ҷавонзан дастгир кардаанд. 

Аз нафари гумонбар Диловар Ҳамидови 44-сола, сокини шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад. РВКД Душанбе дар торномааш навиштааст, ки "як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар ҷавонмард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори «Саховат» нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки баъд аз он ки гумонбарро боздошт кардаанд, дар натиҷаи пурсиши худи ӯ ва шоҳидони ҳодиса муайян шудааст, ки "Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст".

  Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе ин нафарро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ муҷрим шинохта ба 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.