“Истиқлол” бори шашум ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуд

Рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ-2021) бо ҳузури 5100 нафар мухлисон доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ бозии финалӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфт. Тӯби ягонаро аз дастаи “Истиқлол” легионери украинии ин […]

Рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ-2021) бо ҳузури 5100 нафар мухлисон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ бозии финалӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфт.

Тӯби ягонаро аз дастаи “Истиқлол” легионери украинии ин тим Алексей Ларин дар дақиқаи 4-уми иловагии қисми дуюм ба ҳадаф расонида, ғалабаи “Истиқлолро таъмин намуд.

Қобили зикр аст, ки ин  ғалабаи 6-уми “Истиқлол” дар мусобиқаи “Ҷоми ФТТ мебошад. Қаблан даста солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд.

Гуфта мешавад, муаллифи голи ягона дар вохӯрӣ Алексей Ларин бозингари беҳтарини вохӯрии финалӣ дониста шуд.

Дар бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода футболбозони тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ба гирифтани медалҳои бириҷӣ шарафёб гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.