СҶТ аз муҳлатҳои анҷоми пандемияи коронавирус хабар дод

“Пандемияи коронавирус аввали соли 2022 ба охир мерасад, чунин мешуморад роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ханс Клюге. “Сенарияи бадтарин паси сар шуд. Дар муқоиса бо соли 2020, ки вирус ба паҳншавӣ оғоз кард, акнун мо дар бораи он бисёртар маълумот дорем”, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РБК бо истинод ба мусоҳибаи Ханс Клюге […]

“Пандемияи коронавирус аввали соли 2022 ба охир мерасад, чунин мешуморад роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ханс Клюге.

“Сенарияи бадтарин паси сар шуд. Дар муқоиса бо соли 2020, ки вирус ба паҳншавӣ оғоз кард, акнун мо дар бораи он бисёртар маълумот дорем”, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РБК бо истинод ба мусоҳибаи Ханс Клюге ба шабакаи телевизиони DR-и Дания.

Ба ақидаи Клюге, вирус ба паҳншавии худ идома дода, лекин барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд дигар зарурат боқӣ намемонад. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки ин ҷараёни эҳтимолии рӯйдодҳо буда, вақти дақиқи онро муайян кардан алҳол имкон надорад.

Ӯ ишора кардааст, ки мутатсия (тағйирёбӣ)-и коронавирус ҷараёни муътадил аст, чунки вирус кӯшиш мекунад, ки ба инсон мутобиқ гардад.

“Созмон самаранокии ваксинаҳои зидди COVID-19-ро бо сабаби паҳншавии навъҳои нави вирус бодиққат пайгирӣ дорад”, – изҳор доштааст ӯ.

Намояндаи Созмон зимнан зикр кардааст, ки агар зарурат пайдо шавад, ваксинаҳо метавонанд барои мубориза бо муттасияҳои нав тағйир дода шаванд ва лозим намеояд, ки истеҳсоли онҳо аз сифр оғоз гардад.

Тибқи маълумоти СҶТ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 111,1 млн нафарро ташкил дода, 2,46 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.