Ба истеҳсолгари асали сунъӣ 2 соли корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич маълумоти фаврӣ мерасад, ки сокини 22-солаи ин ноҳия Шаҳриёр Қосимов дидаву дониста истеъмолгаронро фиреб медиҳад. “Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда, бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, […]

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич маълумоти фаврӣ мерасад, ки сокини 22-солаи ин ноҳия Шаҳриёр Қосимов дидаву дониста истеъмолгаронро фиреб медиҳад.

“Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда, бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити кӯҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монандро омода месохт.

“Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Ба иттилои тафтишоти пешакӣ, гумонбаршуда барои таҳияи 1 кг асали сунъӣ наздики 10 сомонӣ хароҷот мекард ва онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт.

Зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати Шаҳриёр Қосимов тибқи талаботи моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ – фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ба ӯ ҷазои 180 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.