Тоҷикистон ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз Ҷумҳурии Корея умедвор аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 апрел раиси парлумони Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 апрел раиси парлумони Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.

Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Сипас Пак Бён Сокро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо, инчунин сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши батадриҷи ҳаҷми гардиши мол, ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи тиҷорати муштарак бо истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва васеъгардонии сохтори молии воридотиву содиротӣ, изҳор карда шуд.

Дар ин робита, ба масъалаи тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои аграрӣ, саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика, инчунин фазои мусоиди сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои кореягӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд пешниҳод карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.