Чаро Ҷонибек Муродов забони ӯзбекиро донистан мехоҳад?

Сарояндаи маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов, ки айни замон саҳнаҳои Ӯзбекистонро фатҳ карданист, меҳмони радиои “Азия-Плюс” шуд. Дар барномаи “Дурбин” ӯ бо Орзу Исоев дар бораи сафарҳояш, сайру саёҳат, рӯзгори оилаву фарзандон, омӯзиши забони нав ва ватандӯстӣ, дар умум ҳамаи паҳлӯҳои зиндагияш суҳбат кард. Ҷонибек чанде пеш соҳиби духтарча шуд, аниқтараш ӯ аллакай 4-моҳа аст ва […]

Сарояндаи маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов, ки айни замон саҳнаҳои Ӯзбекистонро фатҳ карданист, меҳмони радиои “Азия-Плюс” шуд.

Дар барномаи “Дурбин” ӯ бо Орзу Исоев дар бораи сафарҳояш, сайру саёҳат, рӯзгори оилаву фарзандон, омӯзиши забони нав ва ватандӯстӣ, дар умум ҳамаи паҳлӯҳои зиндагияш суҳбат кард.

Ҷонибек чанде пеш соҳиби духтарча шуд, аниқтараш ӯ аллакай 4-моҳа аст ва номи тифли худро ба хотири таронаи машҳури падараш, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов Зулайхо гузоштааст.

Овозхон гуфт, кайҳост, ки ӯ дар Ӯзбекистон ҳам писандида шудааст ва тез-тез бо сафарҳои ҳунарӣ ба он ҷо меравад, бо забони ӯзбекӣ таронаҳо месарояд ва ҳатто худаш ҳам ба азхуд кардани забонӣ ӯзбекӣ шурӯъ кардааст.

“Аслан ман қариб 100% забони ӯзбекиро мефаҳмам, лекин 50% бо он ҳарф мезанам, на он қадр хуб. Аз ин рӯ, ин забонро омӯхта истодаам, то ки дар сурудҳоям тамоми кайфияту эҳсосамро ба тамошобин расонида тавонам”, – гуфт Ҷонибек Муродов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.