ВМКБ нақшаи даъват ба хидматро дар як рӯз сад дар сад иҷро кард

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят беш аз 100% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод. Ба иттилои манбаъ,  шаҳри Хоруг, ноҳияи Дарвозу Ванҷ, Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа нақшаи даъватро дар яум рӯзи якум 100 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят беш аз 100% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,  шаҳри Хоруг, ноҳияи Дарвозу Ванҷ, Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа нақшаи даъватро дар яум рӯзи якум 100 фоиз иҷро намуданд.

Гуфта мешавад, ки фардо сафарбаркунии ҷавонон оғоз гардида, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов наваскарон ба хидмати Ватан гусел карда мешаванд. 

Ниятбеков инчунин илова кард, ки таҳти роҳбарии раиси вилоят Ёдгор Файзов ситод оид ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ таъсис гардида буд, ки роҳбарии онро худи раиси вилоят бар дӯш доштааст.  Ба гуфтаи ин масъул, раиси вилоят дар ин муддат бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷавонон моҳе ду маротиба вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, ки ВМКБ  даъвати наваскаронро дар сатҳи ҷумҳурӣ нахустин шуда иҷро мекунанд. Соли гузашта низ ВМКБ даъвати баҳориро дар як рӯз пурра иҷро карда буд ва он вақт гуфта мешуд, ки фарзандони 32 нафар хидматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон шомил шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.