Фарғона: боздошти чанд шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тоҷиконро таҳдиди куштан карданд

Дар Ӯзбекистон ду шаҳрванд боздошт шудаанд, ки бо зӯриву таҳдиди куштан аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтанӣ хостаанд. “Рӯзи 2 апрел соати 17:00 Муҳаммад Х.-и 30-сола ва Ҷаҳонгир У.-и 36-сола шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҷамшедҷони 33-сола ва Валӣ М.-и 37-соларо ба макони беодам воқеъ дар деҳаи Кирки ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона бурда, бо лату кӯб ва таҳдиди […]

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон ду шаҳрванд боздошт шудаанд, ки бо зӯриву таҳдиди куштан аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтанӣ хостаанд.

“Рӯзи 2 апрел соати 17:00 Муҳаммад Х.-и 30-сола ва Ҷаҳонгир У.-и 36-сола шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҷамшедҷони 33-сола ва Валӣ М.-и 37-соларо ба макони беодам воқеъ дар деҳаи Кирки ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона бурда, бо лату кӯб ва таҳдиди куштан аз онҳо баргардонидани қарзашонро аз шиноси онҳо Мақсудҷони 26-сола талаб кардаанд”, – хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Дар маълумот зикр мегардад, ки дар ҷараёни санҷиши то тафтишот маълум шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз сокини ноҳияи зикршуда Мақсудҷон А. ба маблағи умумии 7 ҳазору 200 доллар маҳсулоти нассоҷӣ харида, лекин то ҳол пули маҳсулоти харидаашонро пардохт накардаанд.

Мақсудҷон А. дар ин бора ба шиносҳояш хабар дода, аз онҳо дархост мекунад, ки бо харидорони хориҷӣ гуфтугӯ карда, онҳоро тарсонанд, то ки пулро пардохт кунанд.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба Муҳаммад Х. Ва Ҷаҳонгир У. дар шуъбаи тафтишоти назди ВКД ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона мутобиқи моддаи 112, қ.1-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Таҳдиди куштан ё бо истифодаи зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо боздошт шуданд.

Айни замон ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҷараёни тафтишот ба амали ҳар кадоме аз иштирокчии он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад, хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.