Кумитаи амният аз боздошти чанд нафар барои пайравӣ аз “Салафия” хабар медиҳад

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз боздошти чанд нафар бо гумони пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар кишвар мамнуъи “Салафия” хабар медиҳад, ки 5 нафар сокинони Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Кормандони КДАМ Тоҷикистон ба гумони узвият дар ин ҷараён сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ – Абдулҳақ Обидов, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Ахмадхоҷа Табаровро боздошт карданд, хабар […]

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз боздошти чанд нафар бо гумони пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар кишвар мамнуъи “Салафия” хабар медиҳад, ки 5 нафар сокинони Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Кормандони КДАМ Тоҷикистон ба гумони узвият дар ин ҷараён сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ – Абдулҳақ Обидов, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Ахмадхоҷа Табаровро боздошт карданд, хабар медиҳад бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ.

Миёни боздоштшудагон ҳузур доштани имомхатиби масҷид дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдулҳақ Обидовро ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин тасдиқ карданд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикитсон (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.