Боздиди дабири кулли СААД аз марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас аз қитъаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти Шӯрообод ва Қалъаи Хумб боздид намуд. Станислав Зас бо шароити зербинои сарҳадӣ ва таъминоти воҳидҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти СААД. Дабири […]

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас аз қитъаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти Шӯрообод ва Қалъаи Хумб боздид намуд.

Станислав Зас бо шароити зербинои сарҳадӣ ва таъминоти воҳидҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти СААД.

Дабири кулли СААД ба аёдати зани тоҷике рафт, ки аз он тарафи сарҳад аз тири силоҳи оташфишон захм гирифта буд ва инчунин аз макони лавҳаи ёдгорӣ ба хотири сарҳадбонон боздид кард.

Сафари мазкур аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба татбиқи лоиҳаи Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ шудааст.

Дабири кллии Созмонро дар ин сафар котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҳамроҳӣ кард.

Станислав Зас дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД, ки 27 апрел таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо доир мегардад, иштирок мекунад.

Ғайр аз ин, 29 апрел дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД баргузор мешавад. Дар кори он намояндагони Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.