Ба мардуми зарардидаи даргириҳои марзӣ чӣ гуна мешавад ёрӣ расонд?

Бар асари даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 150 нафар бесарпаноҳ монданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави се ҷамоати шаҳри Исфара 14 манзил пурра тахриб (вайрон) шуда, 2 хона қисман зарар дидааст. Тавре қаблан хабар дода будем, бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи хонаҳои осебдидаву тахрибшуда дар ҷараёни муноқиша дар […]

Бар асари даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 150 нафар бесарпаноҳ монданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави се ҷамоати шаҳри Исфара 14 манзил пурра тахриб (вайрон) шуда, 2 хона қисман зарар дидааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи хонаҳои осебдидаву тахрибшуда дар ҷараёни муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд – хонаҳои қисман зарардида дар фурсати наздиктарин ва пурра тахрибшуда дар муддати як моҳ.

Ғайр аз ин, дар Исфара иқдомҳои зиёд оид ба дастгирии оилаҳои фавтидагон ва ҷабрдидагон ҷараён дорад. Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, онҳо ҳамроҳи занони пешво ва фаъолон ба аёдати оилаҳои фавтидагон рафтаанд. Айни замон ин оилаҳо бо маводи хӯрокворӣ таъмин шуда, кумаки пулӣ ҳам расонида мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дида мешавад, ки мардум бо ҳар роҳу василае ба ҷабрдидагон аз даргириҳо кумак кардан мехоҳанд: маҳсулоти ғизойӣ ҷамъоварӣ мекунанд, ба аёдати онҳо ба беморхона мераванд, автомашинаҳои худро барои хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва ғайра.

Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, одамон ба ӯ бо дархости роҳандозии иқдоми кумак ба ҷабрдидагон дар даргириҳои Исфара дар моҳи шарифи Рамазон муроҷиат кардаанд. Дар ин кор ӯро ҳамкасбаш Меҳрангез Турсунзода, ки дар макони даргирӣ, дар сарҳад аст, ҷонибдорӣ мекунад.

Маҳпора барои ёрӣ ба дӯстонаш аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ муроҷиат намуд, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд.

– Шанбеи ҳамин ҳафта ба роҳ баромаданием. Худо хоҳад, то он дам кумаки зарурӣ ҷамъ мешавад, то ки барои давраҳои аввал барои зиндагии одамони осебдида кифоя бошад., – изҳор мекунад Маҳпора.

Ҷамъоварии кумак то шоми 7 май давом мекунад.

Шумо ҳам метавонед ба одамоне, ки бар асари даргирӣ дар марз осеб диданд, ба ҳар гунае кумак кунед: бо сарулибосу маҳсулоти хӯрокворӣ, гузаронидани пул ё чизи дигар

Реквизитҳо барои кумак:

Суроға дар Душанбе: Мирзо Турсунзода 45, кабинети 310, телефон: 933331803

Суроға дар Хуҷанд: 17 микрорайон (назди БДА-и вилоят), телефон: 933331703

Алиф и Хумо – кошельки: +992908550077

Реквизиты ОАО МДО "Алиф Капитал" для перевода денежных средств:

В СОМОНИ: Банк Получатель: ОАО МДО «Алиф Капитал», БИК: 350101900, К/с. № 20402972919001 в НБТ

Получатель: Общественный фонд "Дасти Сабах"

Счет: № 20202972800006391101

ИНН: 010100780

ЕИН: 0110024769

В РОССИЙСКИХ РУБЛЯХ: Банк Получателя: ПАО «Транскапиталбанк», Москва, Российская Федерация, Воронцовская, д. 27/35, БИК: 044525388, ИНН 7709129705, К/с. № 30101810800000000388

Получатель: ОАО МДО Алиф Капитал, Душанбе, Таджикистан, ул. Фотех Ниези 51, ИНН 030026536, К/с. № 30111 810 1 00000000153

ДЕТАЛИ ПЛАТЕЖА: В пользу (Общественный фонд "Дасти Сабах"), Счет получателя: 20206810800006391104

Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.