Субҳонзода: “Ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба Русия 8-10 парвоз сурат мегирад”

Айни замон 5 ширкати ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод. “Панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия – «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь»,  «Nordwind airlines» ва «Икар» барои иҷрои парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозатнома […]

Айни замон 5 ширкати ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро доранд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.

“Панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия – «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь»,  «Nordwind airlines» ва «Икар» барои иҷрои парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозатнома доранд”, – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз парвозҳои мунтазам, “ҳамарӯза аз 4 фурудгоҳи кишвар ба Русия ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд”.

Тавре Субҳонзода иброз дошт, бо ин хатсайрҳо ширкатҳои Русия зиёда аз 2500 нафар мусофиронро ба хориҷи кишвар мебаранд.

Ба савол дар бораи зиёд кардани шумори парвозҳои доимӣ бо Русия Субҳонзода посух дод, ки “ин ҳамааш ба Русия вобаста аст”.

“Ҷониби Тоҷикистон ба ифтитоҳ кардани ҳамаи хатсайрҳои мунтазам омода аст”, – илова кард роҳбари Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз шаҳрвандони кишвар аз баланд будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ шикоят мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.

Пас аз ин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия нархи ҳадди ақалл ва ниҳоии билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия пешниҳод карданд. Нархи ҳадди ақалл аз 3 ҳазор сомонӣ сар шуда, вобаста ба минтақа ва самти хатсайрҳо то 8 ҳазору 500 сомонӣ то ҳадди ниҳоӣ мерасад. Нархи ин билетҳо ба ҳисоби миёна 6-6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. Ба ғайр аз парвозҳои чартерӣ, дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои доимӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.