Таъсиси гурӯҳи корӣ барои бозбинии таърифаҳои барқ дар Тоҷикистон

Ин гурӯҳ 4 май бо супориши сарвазири кишвар ва дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Тавре дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳайати Гурӯҳ аз кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор иборат аст. “Ҷаласаи аввали Гуруҳи корӣ дар толори бинои Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида […]

Ин гурӯҳ 4 май бо супориши сарвазири кишвар ва дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳайати Гурӯҳ аз кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор иборат аст.

“Ҷаласаи аввали Гуруҳи корӣ дар толори бинои Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру хулосаҳои худро ба Гуруҳи корӣ пешниҳод намуданд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки бинобар сабаби пеш омадани зарурат ба дастрасии маълумотҳо аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик”, минбаъд гузаронидани ҷаласаи мазкур дар худи толори маҷлисгоҳи ширкат гузаронида шавад.

Гуфта мешавад, аз рафти баргузории ҷаласа дар сомонаи Хадамот иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

Таърифаҳои амалкунанда

Айни замон аҳолии Тоҷикистон барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ – низ 22,66 дирам, истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 55,14 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати ҶТ – 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 7,87 дирам муқаррар шудааст.

Таърифаҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо – 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 10,76 дирамро ташкил медиҳад.

Комбинати металлургии Тоҷикистон барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.

Таърифаҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон – КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Болоравии бекоршуда

Таърифаҳои неруи барқ давоми солҳои 2010-2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.

Соли 2020 истисно шуд: дар шароити пандемияи коронавирус президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки аз боло бурдани арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки монополияи табиии давлат (таъминот бо барқу об, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра) мебошанд, худдорӣ карда шавад.

Давоми солҳои 2010-2019 таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019 боло рафт.

Дар ҳар кадоме аз мавридҳои болоравии таърифаҳо, ки даҳсолаи сипаришуда 7 бор сурат гирифт, ҳукумат амали худро ба тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ нисбат медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.