Ултиматуми 2-рӯзаи Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия чӣ натиҷа дод?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба гумони ғолиб, талаби сохтори масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистонро иҷро намуда, билетҳоро ба хатсайрҳои чартерӣ арзон карданд. Ҳеҷ набошад, аз хазинаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар бораи поинравии арзиши билети парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хабар доданд. Сохторҳои расмӣ алҳол хомӯшанд.

“Пештар билет ба парвозҳои чартерии гуногун аз 11 ҳазор то 15-16 ҳазор сомонӣ нарх доштанд, лекин чанд рӯзи ахир арзиши онҳо то 9 ҳазор сомонӣ поин рафт. Масалан, билет ба хатсайри самти Хуҷанд-Маскав 8,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад”, – гуфтанд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ.

Дар дигар хазина ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки билет ба парвозҳои чартерӣ аз Душанбе то Маскав тамом шуда, он аллакай то моҳи июн фурӯхта шудааст.

“Аз 5 июн нархи билети парвози чартерӣ бо хатсайри Душанбе-Маскав аз 8 ҳазору 600 сомонӣ сар мешавад. Ба дигар шаҳрҳои Русия билетҳо аз 8 то 9 ҳазор сомонӣ нарх доранд”, – иброз доштанд дар хазинаи билетфурӯшӣ.

Вазъият дар хатсайрҳои доимӣ ба Маскав низ чунин аст: дар хазинаҳо ба ин хатсайрҳо умуман билет нест.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон вазъи вобаста ба талабашон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро расман шарҳ надоданд ва маълум нест, ки он иҷро шудааст ё не.

22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.

Сардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки аз оғози мавсими баҳору тобистон сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия зиёд гашта, ҳолати мазкурро ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишваря ба фоидаи худ истифода ва нархи чиптаи ҳавопаймоиро бениҳоят баланд намуданд.

Ёдрас мекунем, ки Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. То ҳол барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои доимӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Дар ҳамин ҳол, давоми ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Русия зиёда аз 20 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо менависанд, ки арзиши билет ба хатсайрҳои чартерӣ то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.