Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо муовини вазири нафт мулоқот кард: масъалаи Комиссияи муштаракро баррасӣ карданд

  Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон Амирҳусайн Замониниё мулоқот кардааст.  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин дидор ба хотири омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон Эрон будааст.  "Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои […]

 

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон Амирҳусайн Замониниё мулоқот кардааст. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин дидор ба хотири омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон Эрон будааст. 

"Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд",-гуфтааст Вазорат.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир ба сардӣ гароида буд, ки акнун дар равобити ин ду кишвар гардишҳои нав сурат мегирад. Чанде пеш вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон рафта буд, ки дар дидор бо ҳамтои эронияш аз ташкили як Кумитаи муштараки дифоӣ хабар доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.