Ҳукумати Душанбе обанбори сунъии зери пули гардиши фурӯдгоҳро шарҳ дод

Ҳукумати шаҳри Душанбе далели пайдо шудани обанбори сунъӣ дар зери пули гардиши фурудгоҳи Душанберо шарҳ дод. Як масъули  ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаҷми лӯлаи обкаши зери пул хурд аст. “Дар сурате, ки борони шадид биборад, тавонии ба якборагӣ кашидани ин ҳама оби ҷамъшударо надорад. Имрӯз ҳам ин лӯлаи обкаш натавонист ҳамаи оби […]

Муаллиф Мавзуна Абудллоева, Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Душанбе далели пайдо шудани обанбори сунъӣ дар зери пули гардиши фурудгоҳи Душанберо шарҳ дод.

Як масъули  ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаҷми лӯлаи обкаши зери пул хурд аст.

“Дар сурате, ки борони шадид биборад, тавонии ба якборагӣ кашидани ин ҳама оби ҷамъшударо надорад. Имрӯз ҳам ин лӯлаи обкаш натавонист ҳамаи оби ҷамъшударо бикашад, ки ин сабаби банд мондани бархе аз мошинҳо шуд”.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони “Азия-Плюс” видео ва аксҳое фиристоданд, ки дида мешавад дар зери ин пул оби зиёди борон ҷамъ шудааст ва чандин мошинҳо дар он ҷо банд мондаанд. 

Дар ҳамин ҳол ин бори аввал нест, ки дар зери ин пул баъди боридани борони шадид ин гуна обанбор ё ҳавзи сунъӣ пайдо мешавад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрдории Душанбе интиқод кардаанд, ки бо вуҷуди солиёни зиёд сар задани ин мушкил, то ҳанӯз барои рафъи он чораҷӯйӣ накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.