Ҷашни 80-солагии Лоиқ дар Паҷакент: ҳузури шоирону фарҳангиён ва набуди намояндаи ҳукумати марказӣ

Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Панҷакент бо ҳузури шоирону фарҳангиён аз 80-умин солгарди шоири пуровозаи тоҷик Лоиқ Шералӣ таҷлил шуд. Аммо дар ин маросимҳои ҷашнӣ аз ҳукумати марказӣ касе ширкат ва суханронӣ накард. Меҳмононро муовини расиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода хушомадед ва пазироӣ карданд. Дар ин гузориши аксӣ бархе аз […]

Хуршед Фозилов, Asia-Plus

Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Панҷакент бо ҳузури шоирону фарҳангиён аз 80-умин солгарди шоири пуровозаи тоҷик Лоиқ Шералӣ таҷлил шуд. Аммо дар ин маросимҳои ҷашнӣ аз ҳукумати марказӣ касе ширкат ва суханронӣ накард.

Меҳмононро муовини расиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода хушомадед ва пазироӣ карданд. Дар ин гузориши аксӣ бархе аз лаҳзаҳои ҷашнгириҳо гирдоварӣ шудааст.

Дар ин ҷашнгириҳо Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагон, академик Акбари Турсон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, бархе меҳмонон аз Самарқанд ва шоирону фарҳангиён Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Хайрандеш, Озарахш, Афзалшоҳ Шодӣ, Аъзами Хуҷаста, Адибаи Хуҷандӣ, фарзандон ва наздикони шоир  ва бошандагони шаҳри Панҷакент ширкат карданд. 

Меҳмонон ба зодгоҳи Лоиқ деҳаи Мазори Шариф рафта, дар намоиши ҳунарҳои дастии мардуми ин ҷо ширкат кардаву аз хонамузейи Лоиқ Шералиро дар ин деҳа боздид кардаанд.

Баъдан дар Кохи Лоиқи шаҳр тантанаҳои асосии ҷашн сурат гирифт, ки ибтидо намоиш ва фурӯши китобҳоро нашриёти "Адиб" баргузор кард. Баъдан дар кох конфонси илмиву адабӣ баргузор шуд.

Бади конфоронс дар саҳни Кохи Лоиқ барномаи ширу шакари иборат аз шеърхониву суханрониҳои шоирону донишмандон ва ҳунарнамоии овозхонҳои саршинос баргузор гардид, ки то соати 23-и шаб давом кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.