Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 май дар Қасри миллат ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 млрд […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 май дар Қасри миллат ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 млрд доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима гардид.

“Изҳори умед карда шуд, ки БҶ ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар ин давраи ҳасос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани паёмадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ баррасӣ карданд.

На встрече также были обсуждены вопросы сотрудничества сторон в сферах энергетики, транспорта, поддержки госбюджета Таджикистана, развития частного сектора экономики страны, устранения последствий стихийных бедствий.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.