Ширкати русии “ТехСтрой” аз бурдани 1000 муҳоҷири тоҷик ба Русия даст кашид

Ширкати сохтмонии русии “ТехСтрой”, ки намояндагони он оғози моҳи март ба Тоҷикистон омада бо муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд шартномаи ҳамкорӣ баста буданд ва тасмим буд то охири апрел муҳоҷиронро ба Русия ба кор бибарад, аз иҷрои шартнома даст кашидааст. Ин ширкат бояд 1000 муҳоҷири тоҷикро барои кор дар Русия мебурд. Худи ширкати  “ТехСтрой” […]

Иршод Сулаймонӣ, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ширкати сохтмонии русии “ТехСтрой”, ки намояндагони он оғози моҳи март ба Тоҷикистон омада бо муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд шартномаи ҳамкорӣ баста буданд ва тасмим буд то охири апрел муҳоҷиронро ба Русия ба кор бибарад, аз иҷрои шартнома даст кашидааст.

Ин ширкат бояд 1000 муҳоҷири тоҷикро барои кор дар Русия мебурд.

Худи ширкати  “ТехСтрой” барои бурдани муҳоҷирон аз Тоҷикистон иҷозатнома надоштааст ва бо ширкати “Олами Саёҳат”-и Тоҷикистон шартнома баста, бояд аз Душанбеву Хуҷанд коргаронро бо иҷозатномаи ин ширкат мебурд.

Роҳбари “Олами Саёҳат” Набиҷон Гулматов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ширкати русии “ТехСтрой” аз бурдани коргарон ба Русия даст кашид. Ӯ гуфт тибқи шартномаи дуҷонибаи коргар ва корфармо ширкати русӣ муваззаф буд маблағи чиптаи ҳавопаймои муҳоҷиронро пардохт кунад. Аммо ба далели ин ки муҳоҷиронеро, ки аз Ӯзбекистон бурда буду онҳо шартномаро вайрон кардаанд, аз бурдани муҳоҷирони Тоҷикистон ба Русия худдорӣ кард.

“Пеш аз муҳоҷирони тоҷик ширкати “ТехСторй” 5 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро ба кор бурда буд. Ӯзбекҳо ба Русия рафта дар ҷойи корие, ки ширкат бурда кор накарда, ба ҷойи кори қаблии худ рафтаанд. Ширкат бо пардохти маблағи ҳавопаймо муҳоҷирони ӯзбекро бурда буд. Баъд ширкат гуфт, вақте чунин аст, аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дигар коргар намеорем”.

Аммо Ҷумъа Раҷабов,  директори  Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷ аз кишвари Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ки ин ширкати русӣ вақте ба Тоҷикистон омад, на ҳама паҳлӯҳои кораш мувофиқ ба талаботе буд, ки пойгоҳи “Работа в России” пешбинӣ кардааст.

“Ин ширкат омада буд, бо роҳбарияти вазорат мулоқот шуд. Ҳарчанд на ҳама корҳои ин ширкат ба талаботи пойгоҳи кор дар Русия мувофиқат мекард, вале бо дар назар гирифтани баъзе омилҳо онҳо бо як ширкат дар Тоҷикистон шартнома бастанд ва бояд дар моҳи апрел коргаронро мебурданд”.

Ҷумъа Раҷабов мегӯяд, ки масъалан яке аз аталабот ин аст, ки ширкатҳое, ки ба Русия ба кор мебаранд, бояд гардиши корашон аз 2 миллиард рубли русӣ кам набошад ва мувофиқи созишномае, ки миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи апрели соли 2019 амал мекунад, мо бояд танҳо бо ширкатҳое ҳамкорӣ кунем, ки ба талаботи пойгоҳи зикршуда мувофиқ бошанд.

Вале дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат нахостанд дар суҳбати телефонӣ ин қазияи ба вуҷудомадаро шарҳ диҳанд ва хостанд, ки “Азия-Плюс” дархостӣ расмӣ барои ба даст овардани ин маълумот ба унвонии раҳбарии Хадамот бифристад.

Оғози моҳи март намояндагони ширкати “ТехСтрой” ба ҷустуҷӯйи 1000 коргар ба Тоҷикистон омада буданд.

Роҳбари ширкати “Олами Саёҳат” мегӯяд, ин ширкати русӣ дар Хуҷанду Душанбе бо 120 муҳоҷири корӣ шартнома баст ва дар нақша буд боз барои дарёфти коргар ба Тоҷикистон ояд, аммо наомад.

Ширкат сохтмонии русӣ мехсот мутахассисони ботаҷрибаи деворгар, дуредгар, сафолакчин, мутахассиси бетонрез ва дигар коргаронро барои иншооти сохтмонии шаҳри Маскав ва вилоятҳои канори он ҷалб кунад. Николай Попов, роҳбари лоиҳаи “ТехСтрой” он замон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд ширкат бо пардохти маблағи чиптаи ҳавопаймо ва баъди анҷоми чанд созишномаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ муҳоҷирони тоҷикро то охири моҳи апрел ба Русия мебарад ва ҷониби Тоҷикистон низ иҷоза дода буд.

Николай Попов гуфта буд дар сурате, ки коргар қоидаи шартномаро вайрон мекунад ё бо хоҳиши худ аз кор меравад, бояд харҷи аз ҷониби ширкат сарфшударо пардозад. Ӯ афзуда буд, ки баъди аз кор хориҷ шудан, будубоши коргар дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ шумурда мешавад

Аммо ширкат дигар ба суроғи муҳоҷирони тоҷик наомад ва бино ба гуфти Набиҷон Гулматов бисёри муҳоҷироне, ки бо ин ширкат шарнома баста буданд, аллакай мустақилона ба Русия рафтаанд.

Ин матлаб бо дастгирии молии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст, вале баёнгари мавқеи ин ниҳод нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.