Хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд

Нахшов Амриддин Файзиддиновичи 36-сола, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки ба содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 КҶ ҶТ пешбинишуда (Авбошӣ) гумонбар дониста мешавад, рӯзи 27 май ихтиёрӣ бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда, ба ҳабси пешаки […]

Нахшов Амриддин Файзиддиновичи 36-сола, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки ба содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 КҶ ҶТ пешбинишуда (Авбошӣ) гумонбар дониста мешавад, рӯзи 27 май ихтиёрӣ бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда, ба ҳабси пешаки гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тибқи маълумоти ВКД, Нахшов рӯзи 16 май бо ҳаммаслакони худ дар яке аз тарабхонаҳои Данғара дар занозанӣ иштирок доштааст. Ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ қаблан боздошт шудаанд.

Он замон онҳо бо истифода аз яроқи сард бо кормандони ширкати “Мину Фарм”, ки ба ҷамъоварии шираи камол машғул аст, занозанӣ кардаанд. Сабаби занозанӣ маълум нест.

Пас аз ин ҳодиса чанд нафар бо ҷароҳатҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла захмҳо аз корд дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти манбаи “Азия-Плюс” дар ВКД Тоҷикистон, А.Нахшов, ки айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, писари хоҳари Азизамо Асадуллоева, ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

То замони ба ҳабси пешакӣ гирифтан Амриддин Нахшов ба корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” дар ноҳияи “Ховалинг” роҳбарӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.