Ҳумайро Бахтиёр вориди рӯйхати рӯзноманигорони таҳти хатар шудааст

Номи хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр вориди рӯйхати 10 нафар хабарнигоре дар сатҳи ҷаҳон шудааст, ки таҳти хатар қарор доранд. Ин рӯйхан аз сӯйи Эътилофи байнулмилалии OneFreePress, қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, таҳия шудааст. Ин рӯйхат, ки дар оғози моҳи июн имсол тартиб дода шудааст, дар садри он номи хабарнигори боздоштушдаи белорусӣ Роман Пратасевич қарор дошта, ҳамчунин номҳои […]

Asia-Plus

Номи хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр вориди рӯйхати 10 нафар хабарнигоре дар сатҳи ҷаҳон шудааст, ки таҳти хатар қарор доранд. Ин рӯйхан аз сӯйи Эътилофи байнулмилалии OneFreePress, қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, таҳия шудааст.

Ин рӯйхат, ки дар оғози моҳи июн имсол тартиб дода шудааст, дар садри он номи хабарнигори боздоштушдаи белорусӣ Роман Пратасевич қарор дошта, ҳамчунин номҳои Пӯён Ҳушҳол аз Эрон ва Наталя Зубкова аз Русияро низ дар ин рӯйхат дида мешавад.

Ҳумайро Бахтиёр, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 6-уми июн ба Радиои “Озодӣ” гуфтаат, ворид шудани номаш ба ин феҳрист "эътирофи вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон ва зери хатар будани рӯзноманигорони тоҷик аст".

Эътилоф дар мавриди ӯ навиштааст: "Рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки бештар масоили вобаста ба сиёсату коррупсияро бозтоб медиҳад, соли 2016 аз ночорӣ ба Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шуд. Бо вуҷуди ин, худаш ҳамвора бо таъқибҳои онлайнӣ ва хонаводааш бо таҳдидҳои мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд".

Хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр, пештар дар расонаҳое чун Радиои Имрӯз, "Озодагон", "Азия-Плюс" кор карда, бо IWPR, "Анадолу" ва "Мавҷи Олмон" низ ҳамкорӣ дошт.

Эътилофи OneFreePress аз соли 2019 ҳар моҳ рӯйхати рӯзноманигоронеро, ки дар зиндон ҳастанд, бо таҳдид ва ё беадолатӣ мувоҷеҳанд, нашр мекунад. Масъулони созмон ҳадафи худро пуштибонӣ аз рӯзноманигороне донистаанд, ки барои баёни ҳақиқат дар саросари ҷаҳон зери хатар ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.