Миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон автобусҳои мусофиркаш барқарор мешаванд

Дар Душанбе рӯзи 5 июн вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баргузор гардид. Зимни мулоқот дурнамои барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Термиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Доир ба кори муштарак оид ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 5 июн вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баргузор гардид.

Зимни мулоқот дурнамои барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Термиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Доир ба кори муштарак оид ба пешбурди тамғаи сайёҳии “Роҳи абрешим” ва татбиқи лоиҳаҳои рушди “зиёрат-сайёҳӣ” тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

“Ҷонибҳо оид ба сафарбарии ҳамаи имконоту захираҳо баҳри ҳарчи зудтар мувофиқасозии масоили мавҷуда ва расидан ба тавофуқот аз рӯйи ҳамаи бандҳои рӯзномаи чорабинӣ изҳори омодагӣ намуданд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба идомаи талшҳои муштарак дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ созиш ҳосил шуд. Аз ҷумла, ташкили сафарҳои мутақобилаи ходимони санъату фарҳанг ва илм, инчунин намояндагони ҷавонони кишварҳо ба минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мувофиқа шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.