Мутахассиси ӯзбек мунтахаби футболи Тоҷикистонро тарк мекунад

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев, ки моҳи ноябри соли 2018 ба ин мансаб таъин шуда буд, пас аз бозгашти тим аз Ҷопон дастаро тарк мекунад, хабар дод ба "Азия-Плюс" як“манбаъ аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ. Истеъфои ӯ аз вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон 15 июн дарҳол пас аз бозии охирини даври дуюми марҳилаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев, ки моҳи ноябри соли 2018 ба ин мансаб таъин шуда буд, пас аз бозгашти тим аз Ҷопон дастаро тарк мекунад, хабар дод ба "Азия-Плюс" як“манбаъ аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Истеъфои ӯ аз вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон 15 июн дарҳол пас аз бозии охирини даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F”, ки дар он шогирдонаш дар Осакои Ҷопон бо тими Мянма бозӣ мекунанд, сурат мегирад.

Алҳол маълум нест, ки минбаъд ба ҷойи Усмон Тошев кӣ ба вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин хоҳад шуд.

Усмон Тошев ба зодгоҳаш – шаҳри Бухорои Ӯзбекистон баргашта, ба омода кардани футболбозони маҳаллӣ машғул мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7 июн мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Ҷопон дар Осака бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрд.

Голи ягонаро ба дарвозаи ҳарифон аз тими Тоҷикистон нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?