Покистон хиёбонеро дар Исломобод ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ мекунад

Рӯзномаи "Dawn"-и чопӣ Покистон бо такя ба манобеаш дар ҳукумати ин кишвар гузориш додааст, ки вазоратҳои умури хориҷӣ ва умури дохилаи Покистон дар ин робита тарҳеро рӯйи даст гирифтаанд.  Ин мавзуъ, бори аввал дар моҳи феврали имсол пас аз як сафари Аҳмадвалӣ Масъуд бародари Аҳмадшоҳ Масъуд ба Покистон, расонаӣ шуд.  Аҳмадвалӣ Масъуд он замон гуфта […]

Рӯзномаи "Dawn"-и чопӣ Покистон бо такя ба манобеаш дар ҳукумати ин кишвар гузориш додааст, ки вазоратҳои умури хориҷӣ ва умури дохилаи Покистон дар ин робита тарҳеро рӯйи даст гирифтаанд. 

Ин мавзуъ, бори аввал дар моҳи феврали имсол пас аз як сафари Аҳмадвалӣ Масъуд бародари Аҳмадшоҳ Масъуд ба Покистон, расонаӣ шуд. 

Аҳмадвалӣ Масъуд он замон гуфта буд, ки мавзуъи номгузории хиёбоне дар Исломобод дар дидори ӯ бо нахуствазири Покистон матраҳ шуд.

Ҳоло рӯзномаи "Dawn" навиштааст, ки он замон Имрон Хон гуфта буд, ки ин дархостро баррасӣ мекунанд.

Тибқи гузориши ин нашрия, вазорати хориҷаи ин кишвар бо ирсоли як мактуб ба вазорати дохила хостааст, ки назари ниҳодҳои шаҳрдориро пеш аз тақдими ниҳоии тарҳ ба нахуствазир, бигирад. 

Навид Илҳо, яке аз масъулони шаҳрдории Исломобод ба ин нашрия гуфтааст, ки мактуби вазорати дохила ба ниҳодҳои пойтахт ирсол шудааст. "Хиёбонҳо дар Исломобод танҳо ба номи раисони ҷумҳурии кишварҳои хориҷӣ номгузорӣ мешаванд. Мо дар ҳоли ҳозир мавзуи номгузории хиёбонеро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд баррасӣ мекунем ва дар мавриди муқаррароти мавҷуд дар ин робита ба ҳукумат иттилоъ хоҳем дод. Ҳар дастуре, ки ҳукумат бидиҳад, ҳамонро мекунем".

Номгузории хиёбоне ба номи Масъуд дар Покистон дар ҳолест, ки Масъуд равобити сарде бо ин кишвар дошт ва Покистонро бо ҳимоят аз гуруҳи "Толибон" муттаҳам мекард. 

Дар шаҳри Пориси Фаронса ҳам шаҳрдорӣ хиёбонеро аз хиёбонҳои марказии шаҳр ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ карданд, ки дар маросими расмии он писари Аҳмадшоҳ Масъуд Аҳмади Масъуд, Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини ин кишвар ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон ширкат карданд. 

Дар Афғонистон ба поси хадамоти арзишманди Масъуд ба ӯ лақаби Қаҳрамони миллии Афғонистон дода шуда, рӯзи маргаш ҳамчун рӯзи таътили расмӣ аст ва ба номи Ҳафтаи шаҳид гиромӣ дошта мешавад. Ҳамчунин яке аз хиёбонҳои марказии Кобул номи Масъудро дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.