Оҷонсии зиддифасод аз боздошти як қочоқбари маводи доруворӣ хабар медиҳад

Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон шаҳрванд Бахтовар Яқубовро ба гумони қочоқи миқдори зиёди маводи доруворӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Оҷонсӣ, гумонбаршуда бо роҳи қочоқ дар автомашинаи худ – тамғаи «Toyota Fielder» 34 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 162,8 ҳазор сомонӣ ба Душанбе ворид намудааст. “Маводи доруворӣ ҳуҷҷатҳои […]

Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон шаҳрванд Бахтовар Яқубовро ба гумони қочоқи миқдори зиёди маводи доруворӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Оҷонсӣ, гумонбаршуда бо роҳи қочоқ дар автомашинаи худ – тамғаи «Toyota Fielder» 34 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 162,8 ҳазор сомонӣ ба Душанбе ворид намудааст.

“Маводи доруворӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандаро надошта, ба шаҳри Душанбе бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати шаҳрванди боздоштшуда мутобиқи моддаи 289 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Бахтовар Яқубов қаблан низ бо ҳамин моддаи Кодекси ҷиноятӣ (Қочоқ) ҷазо дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.