Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вомехӯрад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 август дар вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваз” дар Туркманистон доир мегардад, иштирок мекунад. Барои иштирок дар вохӯрӣ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон – Садир Жапаров ва президенти Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев низ ба ин ҷо ташриф оварданд. Сарони кишварҳо масоили […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 август дар вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваз” дар Туркманистон доир мегардад, иштирок мекунад.

Барои иштирок дар вохӯрӣ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон – Садир Жапаров ва президенти Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев низ ба ин ҷо ташриф оварданд.

Сарони кишварҳо масоили рушди босуботу устувори минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳоро баҳри муовмимат бо пандемия мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

“Дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон, ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул мешавад. Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони кишварҳои минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор намояд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваз” дар Туркманистон боз панҷ чорабинии бузурги байнулмилалӣ дар чаҳорчӯби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Муколамаи занон-пешвоёни кишварҳои минтақа, Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байнулмилалӣ ва Намоишгоҳи таъомҳои анъанавӣ, инчунин Консерти идонаи устодони ҳунару санъати кишварҳои минтақа аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошанд.

Нишасти Ашқобод сеюмини вохӯрии сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти аввал соли 2018 дар Нур-Султон ва вохӯрии дуюм – соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.