Парванда алайҳи директори мактаб ва як омӯзгор барои ғарқ шудани 4 мактабхон дар дарёи Сир

Додситонии шаҳри Хуҷанд бар пайи ҳодисаи ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар дарёи Сир алайҳи  мудири мактаб ва як омӯзгори ин мактаб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора як манбаъи мӯътамад аз додситонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ меафзояд, пас аз ғарқ шудани 4 хонандаи мактаби рақами 60-и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситонии шаҳри Хуҷанд бар пайи ҳодисаи ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар дарёи Сир алайҳи  мудири мактаб ва як омӯзгори ин мактаб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора як манбаъи мӯътамад аз додситонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ меафзояд, пас аз ғарқ шудани 4 хонандаи мактаби рақами 60-и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан дар дарёи Сир, бар асоси моддаи 108, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

“Нисбати ду нафар шахси масъул ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтиши парванда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд идома дорад.”-гуфт манбаъ.

Ҳарчанд додситонӣ нагуфт, ки  “ду нафар шахси масъул” киҳоянд, аммо як манбаъ дар маорифи шаҳри Истаравшан гуфт, ки парванда алайҳи мудири мактаб ва яке аз омӯзгорони ин мактаб боз шудааст.

Ин моддаи кодекси ҷиноӣ “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан” аст ва дар қисми 2-и ин банди қонун гуфта шудааст, ки  “…дар натиҷаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор  иҷро накардани шахс, инчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон” оварда шудааст.

Аммо қаблан додситони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд  рӯзи 7-уми июл 23 нафар хонандаи синфҳои 6 ва 9, ки дар миёнашон духтарон низ будаанд, бо роҳбарии мудир ва ду роҳбари синф дар як автомашинаи “Газел” барои саёҳат аз Истаравшан ба Хуҷанд омадаанд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз, чаҳор нафар ҳамсинфи 16-сола ҳангоми оббозӣ дар мавзеи манъшудаи дарёи Сир, воқъе дар ҳудуди “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд.

Қаблан Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз ин чаҳор хонандаи мактаб Лазизбек Хидиров, Бахтиёр Каримқулов, Аслбек Мамадисоев, Садриддин Каримов ном бурда буд.

То ҳол ҷузъиёти бештар дар мавриди бо чи шароите ин чаҳор хонандаи мактаб дар дарёи Сир ғарқ шудаанд маълум нест. Аммо яке аз фарзияҳои пешакӣ ин аст, ки ҳамсинфон дар дарё оббозӣ кардаанд ва яке аз онҳо ғарқ мешавад ва ҳамсинфони боқимонда ба наҷоти ӯ мешитобанд ва дар натиҷа ҳар чаҳор нафар ғарқ мешаванд. То ҳол маълум нест, ки мудири мактаб бо ду омӯзгор ҳангоми ғарқшавии хонандагон дар куҷо буданд?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.