Толибон фурудгоҳи аз лиҳози стратегӣ муҳими Кундузро тасарруф намуданд

Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) фурудгоҳи аз лиҳози стратегӣ муҳими шаҳри Кундузро дар шимоли Афғонистон тасарруф намуданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба ВАО, садҳо нафар аз хизматчиёни ҳарбии неруҳои қудратии ҳукумат бо ҳамаи силоҳу муҳимоти ҷангиашон ба толибон таслим шудаанд. Сухангӯйи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, дар Твиттер иддао намудааст, […]

Радиои Озодӣ

Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) фурудгоҳи аз лиҳози стратегӣ муҳими шаҳри Кундузро дар шимоли Афғонистон тасарруф намуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба ВАО, садҳо нафар аз хизматчиёни ҳарбии неруҳои қудратии ҳукумат бо ҳамаи силоҳу муҳимоти ҷангиашон ба толибон таслим шудаанд.

Сухангӯйи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, дар Твиттер иддао намудааст, ки сарбозони давлатӣ ихтиёран ба сафи ҷангҷӯён мепайванданд. Амруддин Валӣ, узви маҷлиси маҳаллӣ, дар суҳбат бо “Франс Пресс” гуфтааст, “садҳо сарбозу ходими полис баъд аз ишғоли фурудгоҳ аз ҷониби Толибон ҳамроҳ бо силоҳу дигар муҳимоти низомиашон таслим шуданд”.

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 9 август биноҳои калидии ҳукуматро дар шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ғасб кард. Зикр шуда буд, ки неруҳои ҳукумат танҳо фурудгоҳ ва пойгоҳи низомии худро зери назорат доранд.

Гуфта мешавад, Толибон то кунун шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, шаҳри Пули Хумрӣ – маркази Бағлон ва шаҳри Фараҳ – маркази вилояти Фараҳро ишғол кардаанд. Шаҳри Ойбек, маркази вилояти Самангон, Кундуз, Сари Пул, Толиқон, Заранҷ ва Шибирғон низ феълан зари назорати онҳост.

Кундуз аз лиҳози стратегӣ мавқеи муҳим дорад. Онро дарвозаи  вилоятҳои шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ном мебаранд, зеро Кундуз бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".