Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯйи “Толибон” вазири фарҳангу иттилооти Афғонистон шуд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯйи пешини гуруҳи "Толибон" вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон таъин шуд. Дар ин бора бархе аз расонаҳои Афғонистон хабар додаанд. Телеграмканали телевизиони Тулуънеюс дар як хабари кӯтоҳ хабар дод, ки "Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба унвони вазири фарҳанг ва иттилоот муаррифӣ шуд".  Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки Толибон ҳамчунин вазири сиҳати омма ё тандурустияшонро низ […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯйи пешини гуруҳи "Толибон" вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон таъин шуд. Дар ин бора бархе аз расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.

Телеграмканали телевизиони Тулуънеюс дар як хабари кӯтоҳ хабар дод, ки "Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба унвони вазири фарҳанг ва иттилоот муаррифӣ шуд". 

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки Толибон ҳамчунин вазири сиҳати омма ё тандурустияшонро низ таъин кардаанд ва дар чанде аз вилоятҳои волиёнашон низ ба кор пардохтаанд.

Ҳамчуни дар шаҳри Кобул омирони амниятии ҳавзаҳои гуногуни  ва пулисро низ таъин кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" мегӯянд, ки мунтазири натиҷаи музокироти раҳбарони сиёсияшон бо сиёсатмадорони Афғонистон мемонанд ва сохтори низом ва навъи низомро онҳо мушахаас мекунанд.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дирӯз баъди ворид шуданаш ба Кобул ба унвони сухангӯйи ин гуруҳ гуфт, ки навъ ва сохтори давлат баъдан маълум мешавад, аммо "ҳукумати ояндаи Афғонистон як ҳукумати қавии исломӣ хоҳад буд".

Дар ҳамин ҳол, Анас Ҳаққонӣ – узви ҳайати музокиракунадаи "Толибон" дар Қатар ба Кобул омадву бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай муллоқот кардааст. Ин дидор дар хонаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ сурат гирифтааст, аммо  ҷузъиёти ин дидор ҳанӯз расонаӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.