Бонки ҷаҳонӣ пуштибонии лоиҳаҳо дар Афғонистонро мутаваққиф кард

Хабаргузории "Коммерсант" аз қавли сухангӯи Бонки ҷаҳонӣ менависад, маблағгузории лоиҳаҳои Бонк дар Афғонистон, ки аз сӯи “Толибон” тасарруф шудааст, муваққатан боздошта мешавад. Дар маълумот гуфта мешавад, зикр шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рушди вазъ дар Афғонистон сахт изҳори нигаронӣ кардааст. «Мо пардохт аз рӯйи амалиётамонро дар Афғонистон боздоштем. Вазъро мӯшикофона назорат ва арзёбӣ карда истодаем”, […]

Asia-Plus

Хабаргузории "Коммерсант" аз қавли сухангӯи Бонки ҷаҳонӣ менависад, маблағгузории лоиҳаҳои Бонк дар Афғонистон, ки аз сӯи “Толибон” тасарруф шудааст, муваққатан боздошта мешавад.

Дар маълумот гуфта мешавад, зикр шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рушди вазъ дар Афғонистон сахт изҳори нигаронӣ кардааст.

«Мо пардохт аз рӯйи амалиётамонро дар Афғонистон боздоштем. Вазъро мӯшикофона назорат ва арзёбӣ карда истодаем”, – гуфтааст намояндаи бонк.

Бино ба маълумоти сомонаи ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ, аз соли 2002 Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 5,3 млрд доллар додааст.

То лаҳзаи боздошти амалиёт дар ин кишвар, ба маблағи беш аз 2 млрд доллар 27 лоиҳаи амалкунанда, бахусус лоиҳаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ ва низомҳои пардохт дар Афғонистон маблағгузорӣ карда мешуданд.

Боздоштани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо пас аз он сурат гирифт, ки намояндаи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз манъи содироти доллар ва арзишҳои таърихӣ аз Афғонистон хабар дод.

"Ба ҳамаи шаҳрвандон ҳушдор медиҳем, ки дар сурати ошкор шудани чунин ашё, онҳо фавран мусодира ва соҳибони онҳо тибқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт", – зикр шуда буд дар хабар.

Қаблан газетаи Wall Street Journal хабар дода буд, ки барои "пешгирии ба дасти гурӯҳи террористӣ афтодани садҳо миллион доллар”, пеш аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден интиқоли долларро ба Афғонистон қатъ намуд.

The Washington Post хабар дод, ки маъмурияти президенти Амрико инчунин амалиёт бо захираҳои ҳукумати Афғонистонро, ки дар суратҳисобҳои бонкии Амрико нигоҳ дошта мешаванд, низ манъ кард.

Қаблан Хазинаи байнулмилалии асъор низ, кумаки молиявӣ ба Афғонистонро мутаваққиф кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.