Имсол ҳудуди 70 ҳазор нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд

Дар соли 2021-ум 69 ҳазору 839 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар роҳ ёфтаанд, ки ин 85 фоизи довталабони ба озмун роҳёфтаро  ташкил медиҳад. Дар ин бора, аз маркази матбуоти ММТ ба “Азия плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар соли 2021-ум 69 ҳазору 839 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар роҳ ёфтаанд, ки ин 85 фоизи довталабони ба озмун роҳёфтаро  ташкил медиҳад. Дар ин бора, аз маркази матбуоти ММТ ба “Азия плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  64 ҳазору 966 нафар ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфтанд ва дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ  (синфи 9-ум) 4 ҳазору 873 нафар ба муассисаҳои миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Манбаъ гуфт, ки шумораи қабулшудаҳо нисбат ба нақшаи қабули донишҷуён 23 ҳазору 655 нафар кам мебошад. Нақшаи қабули марказ дар соли 2021-ум 93 ҳазору 494 нафарро ташкил медод.

Гуфта мешавад, ки ин шумораи ниҳоии донишҷӯёни таҳсилмекарда набуда, интизор меравад, ки бархеи онҳо барои супоридани ҳуҷҷатҳои худ, яъне қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо ва ё коллеҷҳо ҳозир нашаванд.

– Ҳамаи ин донишҷӯён бояд то 30 август ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки гузаштанд, супоранд ва худро ба қайд гиранд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудан, онҳо аз ҳуқуқи донишҷӯӣ маҳрум мешаванд, – мегӯяд, манбаъи мо аз ММТ.

Гуфта мешавад, ки имсол, 103 ҳазору 777 нафар худро тавассути ММТ ҳамчун довталаб ба қайд гирифтанд, ки аз ин 93 ҳазору 148 нафар дар имтиҳонҳо ширкат намудаанд. Шумораи довталабони ба тақсимот (озмун) роҳёфта бошад, 81 ҳазору 729 нафарро ташкил медиҳад.

Соли 2020-ум 95 ҳазору 338 нафар барои қабул шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёна тариқи ММТ имтиҳон супориданд, ки аз онҳо 70 ҳазору 29 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд. Имсол шумораи имтиҳонсупоридаҳо назар ба соли 2020-ум 13 ҳазору 609 нафар кам буда, шумораи ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо роҳёфта, низ 190 нафар коҳиш ёфтааст. Соли 2020-ум 25 ҳазору 309 нафар аз имтиҳони қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои миёнаи касбӣ афтиданд.

Гуфта мешавад, ки имсол аз шумораи умумии онҳое, ки дар имтиҳони ММТ супориданд, 11 ҳазору 890 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб нашуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.