Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса меравад

Рӯзи 13 октябри соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Фаронса меравад. Дар ин бора, 26 августи соли 2021 сомонаи расмии Қасри Елисейи Фаронса хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суҳбати телефонии рӯзи 25 август даъват кард. – Ӯ меҳмони […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рӯзи 13 октябри соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Фаронса меравад. Дар ин бора, 26 августи соли 2021 сомонаи расмии Қасри Елисейи Фаронса хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суҳбати телефонии рӯзи 25 август даъват кард.

– Ӯ меҳмони олиқадрро рӯзи 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт, – менависад манбаъ.

Ба навиштаи сомонаи мазкур, зимни суҳбати телефонӣ ҳарду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба  якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот дод.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.