Баррасии вазъи Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса

Нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд. Дар […]

Нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

“Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад”, – бо нигаронӣ зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба  якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот доданд.

“Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад, – изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон дар ин замина.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.