Нархи маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон босуръат боло меравад. Бо кадом сабаб?

Болоравии навбатии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия – орду гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, ғалладона, сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти қаннодӣ ва макарон. Аслан ҳама чиз гарон мешавад Дар супермаркет ва бозорҳо нархи миёнаи шир то 6,5-7 сомонӣ боло рафт. Ҷурғот (кефир) дар зарфи пластикии вазнаш 450 грамм 7 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки аввали сол нархи […]

Болоравии навбатии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия – орду гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, ғалладона, сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти қаннодӣ ва макарон.

Аслан ҳама чиз гарон мешавад

Дар супермаркет ва бозорҳо нархи миёнаи шир то 6,5-7 сомонӣ боло рафт. Ҷурғот (кефир) дар зарфи пластикии вазнаш 450 грамм 7 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки аввали сол нархи он ба 4-5 сомонӣ баробар буд.

Аз ҳама бештар қаймоқу творог гарон шуд. Бастаҳои вазнашон аз 200 то 400 грамми қаймоқ 8-10 ва творог – 12 сомонӣ аст. Ду моҳ пеш онҳоро мутаносибан бо нархҳои 5 ва 7 сомонӣ харидан мумкин буд.

Нархи ғизо барои кӯдакон қариб ду баробар – аз 30-40 сомонии чанд моҳе пештар то ба 50-60 сомонии ҳозира зиёд шуд.

Тайи ду ҳафтаи ахир як халта орд ба андозаи 20 сомонӣ қимат шуда, ба нишондиҳандаи 270 сомонӣ расид.

Коршиносон сабабҳои инро ба афзоиши сатҳи таваррум (9%), сатҳи пасти рақобатпазирӣ байни истеҳсолкунандагон ва буҳрон дар соҳаи таъминот бо маводи сӯзившорӣ марбут медонанд.

Ба гуфтаи онҳо, афзоиши нархи маводи сӯзишворӣ ба зиёдшавии хароҷот дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дастрасии хӯроки чорво, нуриҳои минералӣ, иҷораи техника боис гардид.

Афзоиши талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар робита ба зиёдшавии шумори аҳолӣ аз ҷумлаи боз як омили болоравии нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ номбар карда мешавад.

Чӣ, дар куҷо ва бо кадом нарх?

Аввали ҳафта дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар нархҳои зерин ба қайд гирифта шуданд (ин омори расмист, нархи воқеӣ метавонад зиёдтар бошад):

Гӯшти гов – аз 58 сомонӣ  (Хоруғ) то 66 сомонӣ (Кӯлоб, Турсунзода)

Гӯшти гӯсфанд – 59 (Хоруғ) -75 (Хуҷанд, Исфара, Турсунзода) 

Нахӯд –  13 (Ҳисор)-17 (ҳамаи марказҳои вилоят)

Марҷумак (гречка) – 13-15 (Ҳисор) – 15 (ҳамаи шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон)

Қаймоқ -23 (вилояти Хатлон) – 45 (Душанбе)

Ҳасиби пухта – 27 (Хуҷанд) – 70 (Бохтар)

Ҳасби дуддодашуда (копчёная) – 30 (Душанбе) – 50 (Бохтар, Кӯлоб)

Гӯшти мурғ – 29 (Хуҷанд) – 39 (Хоруғ)

Маснуоти макаронӣ – 9 (Душанбе) – 11 (вилояти Хатлон)

Маска (сливочное масло) – 30 (Душанбе) – 100 (Хуҷанд)

Шир – 5 (вилояти Хатлон) – 7 (Хоруғ)

Равғани растанӣ – 25 (дар саросари ҷумҳурӣ)

Биринҷ – 13 (Хуҷанд, Турсунзода, Истаравшан)- 18 (Кӯлоб)

Шакар (қанд) – 10 сомонӣ (дар саросари ҷумҳурӣ)

Намак – 0,5 (Душанбе) – 1,5 (Хуҷанд, Хоруғ)

Панир – 47 (Хоруғ) – 75 (Бохтар)

Лӯбиё – 17-18 (дар саросари ҷумҳурӣ)

Тухм – 1,1 (Душанбе) – 1,3 (Хоруғ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.