Пентагон охирин низомии амрикоие, ки Афғонистонро тарк мекунад нишон дод. Поёни ҳузури 20-солаи ИМА

Вазорати хориҷаи Амрико охирини низомии ин кишварро, ки нимашаб дар ҳоли тарки Афғонистон аст, нишон дод. Саҳнае аз тарки охирин низомӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и Пентагон  гузошта шудааст  хабар медиҳад, Лента.ру. Дар аксе аз ин саҳна генерал-лейтинанд Крис Донахйу, фармондеҳи қисми ҳавоӣ-десентии 18-ум дида мешавад. Ӯ ба ҳавопаймои C-17 НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ)-ии ИМА бо туфанги ҳамлакунанда дар даст дар ҳоли савор шудан […]

Вазорати хориҷаи Амрико охирини низомии ин кишварро, ки нимашаб дар ҳоли тарки Афғонистон аст, нишон дод. Саҳнае аз тарки охирин низомӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и Пентагон  гузошта шудааст  хабар медиҳад, Лента.ру.

Дар аксе аз ин саҳна генерал-лейтинанд Крис Донахйу, фармондеҳи қисми ҳавоӣ-десентии 18-ум дида мешавад. Ӯ ба ҳавопаймои C-17 НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ)-ии ИМА бо туфанги ҳамлакунанда дар даст дар ҳоли савор шудан аст. 

Бино ба хабарҳои ҷониби ИМА бо савор шудани ӯ ба ҳавопаймои ин кишвар, Амрико берун кашидани неруҳояшро аз Афғонистон ба охир расонид.

Дар мавриди ин ки дар Афғонистон ҳеч низомии дигаре намондааст, шаби 30 ба 31-уми август сардори  Маркази фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи ИМА (USCENTCOM) генерал Кеннет Моккензи хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар тамоми давраи ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2461 низомӣ ва шаҳрвандони мулкии амрикоӣ кушта шуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, 20 ҳазор шаҳрванди ИМА захмӣ шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи гуруҳи "Толибон" ҳам изҳорот дод, ки бо берун шудани неруҳои амрикоӣ Афғонистон комилан истиқлол ба даст овард. 

"Толибон" 15-уми август, баъди фирори Ашраф Ғанӣ – раисҷумҳури ин кишвар, ба Кобул ворид шуданд ва аз назорати комили Афғонистон тавассути неруҳояшон хабар доданд. Толибон гуфтанд, ки дар Афғонистон низоми аморати исломиро ташкил медиҳанд ва навъи ҳукуматашонро ба наздикӣ эълон мекунанд.

Ҳоло вилояти Панҷшер – зодгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд ягона минтақае дар Афғонистон аст, ки  берун аз назорати "Толибон" мондааст. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.