Сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қатли бераҳмонаи бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон Муҳаммадшо Биглюнов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қатли бераҳмонаи бародари ҳамхуни худ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар зиндони низомаш шадид адо мекунад. Гуфта мешавад, маҳкумшуда 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш мефаҳмад, ки бародараш Рамазон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон Муҳаммадшо Биглюнов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қатли бераҳмонаи бародари ҳамхуни худ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш мефаҳмад, ки бародараш Рамазон Биглюнов бо ӯ ҷанҷол намуда, барои зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ падарро аз хона рондааст.

“Биглюнов субҳи барвақт ба хонаи бародараш воқеъ дар шаҳраки Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, ба ҷисми бародари дар хоб будааш бо корд 10 зарба мезанад”, – омадааст дар хабари прокуратура.

Зимнан зикр мегардлад, ки дар натиҷа Биглюнови хурдӣ дар ҷойи содир гардидани ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.