Шаҳраки Панҷакенти қадим бозсозӣ мешавад: бо 170 ҳазор доллари сафорати Амрико

Шаҳраки Панҷакенти қадим навсозӣ мешавад. Корҳои барқарорсозӣ ва таҷдуду деворбандӣ дар  ин шаҳрак оғоз шуд, ки барои ин тарҳ сафорати Амрико беш аз 170 ҳазор доллар маблағ ҷудо кардааст. Дар асоси лоиҳа то соли 2023 қисме аз шаҳри Панҷакенти қадим, ки дар асрҳои V-VIII дар теппае болотар аз шаҳри Панҷакенти имрӯза арзи вуҷуд дошт ва […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Шаҳраки Панҷакенти қадим навсозӣ мешавад. Корҳои барқарорсозӣ ва таҷдуду деворбандӣ дар  ин шаҳрак оғоз шуд, ки барои ин тарҳ сафорати Амрико беш аз 170 ҳазор доллар маблағ ҷудо кардааст.

Дар асоси лоиҳа то соли 2023 қисме аз шаҳри Панҷакенти қадим, ки дар асрҳои V-VIII дар теппае болотар аз шаҳри Панҷакенти имрӯза арзи вуҷуд дошт ва ҳоло зери хок маҳфуз аст, барқарор карда мешавад.  

Малика Додоева, мудири созмони ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” дар шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо аз соли 2018 муштаракан бо кормандони Пойгоҳи бостоншиносии Саразм барои барқарорсозии шаҳри Панҷакенти қадим тарҳеро ба озмуни хазинаи сафирон пешниҳод карда буданд, ки аз ҷониби сафорати Амрико дар Тоҷикистон пуштибонӣ шуд ва 170 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шуд. Ин тарҳ 1 солу 6 моҳ идома меёбад ва қисми асосии маблағ барои барқарорсозии шаҳраки Панҷакенти қадима равона шудааст. Дастнависҳо ва маълумот дар мавриди ин шаҳр низ ҷамъоварӣ шуда дар шакли китоб нашр мешавад.

“Агар аз рӯйи харитаҳои мавҷуда бинед, дар ин мавзеъ девори муҳофизатӣ буд ва мо бояд дар қадами аввал ин деворро пурра барқарор месозем. Мо ҳунармандореро ҷалб макунем, ки ҳамаи корро аз хиштзанӣ то лойкорӣ ба ҳамон замони мавҷудияти Панҷакенти қадим мутобиқ созанд ва барқарор кунанд. Осорхонаи ин мавзеъ низ васеъ мешавад ва руйи таъмирро мебинад”.

Масоҳати шаҳраки Панҷакенти қадим 17 гектар буда атрофашро бо  панҷарадевор иҳота мекунанд ва қисме аз ин ёдгорӣ таъмиру барқарор карда мешавад. Бостоншинос Исматилло Раҳматуллоев мегӯяд, ба ҷузъ барқарор кардани девори мудофиавӣ, инчунин ду иботатхонаи зардуштӣ, ки аҳамиятӣ таърихию ҷаҳонӣ дорад бозсозӣ шуда, ду  толори пазироии меҳмони хонаводаҳои Панҷакенти қадима, ки бо деворнигораҳо ороиш ёфтааст барқарор мешавад.

“Ин ёдгорӣ то ҳол вайрон нашудааст қабатҳои маъданияш дар ҷояш маҳфуз истодааст. Бинобар ин барои олимон ин як хазинае мебошад, ки барои татқиқоти ниёгони мо манбаъи асосӣ мебошад”,-мегӯяд Раҳматуллоев.

Ин бостоншинос меӯяд, ҳафриётҳо дақиқ кардааст, ки Панҷакенти қадим аз чаҳор қисм иборат аст. Қисми асосӣ шаҳристон, ки бо девори муҳофизатӣ иҳота шуда ду дарвозаи даромад ба шаҳр дошт. Қисми дуюми шаҳр қалъаи шоҳ мебошад, ки дар ҷанубу-ғарбии шаҳристон ҷойгир мебошад. Қисми сеюм работ, яъне берун аз девори мудофиавии шаҳристон аст, ки беш аз 70 гектар масоҳат дошт.  Қисми чаҳоруми шаҳр қабристон аст, ки фавтидагонро дар некропол ба тариқи мақбара дафн мекарданд. Ин шаҳраки асримёнагӣ дар асри V бино ёфта то охири асри VIII вуҷуд дошт ва бошандагонаш то тасарруфи арабҳо охирҳои асри VII дини зардуштӣ доштанданд.

Корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакенти қадим бо ҷалби бостоншиносону олимони ватаниву хориҷӣ  соли 1947 оғоз шуда ҳамоно идома дорад. Гуфта мешавад шаҳрак зери хок маҳфуз аст ва ҳамон тавре, ки буд то ҷое боқӣ мондааст. Панҷакенти қадим баъд аз 4 ҳазор соли шаҳри Саразм бунёд шуда дуюмин шаҳри қадима дар Панҷакент аст, ки яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта ба руйхати мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон ворид шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.