Хона ва 88 ҳазор сомонӣ: ёрии мақомоти диннӣ ба зарадидагони офатҳои табиӣ дар кишвар

Мақомоти маҳалии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон ба зарардидагони офатҳои табии дар ноҳияи Вахш манзили истиқоматӣ ва маблағ додаанд. Дар ин бора, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки се манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Вахш бо сарпарастии шуъба ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну […]

Мақомоти маҳалии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон ба зарардидагони офатҳои табии дар ноҳияи Вахш манзили истиқоматӣ ва маблағ додаанд. Дар ин бора, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки се манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Вахш бо сарпарастии шуъба ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо ходимони дини вилоят ба сокинони деҳаҳои Иттифоқ, Озодӣ ва Файзбахши ноҳияи Вахш – Наврӯзшоҳ Ҷамолов, Бобомурод Одинаев ва Каромат Розиқов тақдим шуд.

– Кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ҳамдастӣ бо ходимони дини ноҳия ду манзили истиқоматии сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Вахшро сохта, ба истифода доданд, – менависад манбаъ.

Ба ғайр аз ин, ба сокинони зарардидаи деҳаи Навобод 53 ҳазор сомонӣ маводи озуқа кӯмак расонида шудааст.

Манбаъ, инчунин менависад, ки ходимони дини вилояти Суғд бо нишони ҳамдилӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои офати табии дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ходимони дини шаҳри Кӯлоб ба зарардидагони ноҳияҳои мазкур беш аз 15 ҳазор сомонӣ кумак расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш бар асари обхезиву сел манзилҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлаигӣ ва пули роҳҳои байни деҳаҳо зарар диданд.

Бино ба маълумоти ахири КҲФ Тоҷикистон, дар натиҷаи офати табиии рӯзи 11 май 9 нафар ҳалок шуданд. Аз селу обхезиҳо ҳадди ақалл 15 ноҳияи вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ осеб диданд.

Қаблан, раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуда буд, ки ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.