Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкатҳои таксиро огоҳ кард, ки нархро боло набаранд

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сару садо дар бораи боло рафтани нархи роҳкирои таксиҳои фармоишӣ, бо масъулини ширкатҳои хизматрасонӣ суҳбат карда, ба онҳо огоҳинома додааст ва таъкид кардааст, ки дар сурати такрори чунин ҳолат ширкатҳо ҷарима мешаванд. Дар ин бора, аз дафтари матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба “Азия плюс” хабар доданд. Ду ҳафта пештар, ин […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сару садо дар бораи боло рафтани нархи роҳкирои таксиҳои фармоишӣ, бо масъулини ширкатҳои хизматрасонӣ суҳбат карда, ба онҳо огоҳинома додааст ва таъкид кардааст, ки дар сурати такрори чунин ҳолат ширкатҳо ҷарима мешаванд. Дар ин бора, аз дафтари матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба “Азия плюс” хабар доданд.

Ду ҳафта пештар, ин ниҳод гуфта буд, ки хабари қиматшавии нархи роҳкироро дар ширкатҳои хизматрасони таксӣ месанҷанд. Ҳоло онҳо мегӯянд, санҷиш маълум кардааст, ки воқеан, бархе ронандагон худсарона бидуни огоҳии ширкатҳо нархи роҳкироро баланд бардоштаанд.

– Мо дар ҳамаи ширкатҳои хисматрасонии такси санҷиш гузаронидем. Маълум шуд, ки чунин ҳолат аз ҷониби бархе ронандагон ҷой дорад. Баъдан, роҳбарон ва масъулини  ширкатҳои хизматрасонии таксиро даъват карда, бо онҳо суҳбат кардем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки фаъолияти ронандагонашонро ба танзим дароранд ва  нагузоранд, ки онҳо роҳкироро баланд кунанд. Ба ҳамаи ширкатҳо барои баланд намудани нархи роҳкиро огоҳинома дода шуд, – гуфт манбаъи мо.

Аз хадамот гуфтанд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳолат нисбати ширкатҳои хизматрасонии такси протоколҳо тартиб дода, барои ҷаримабандӣ ва андешидани дигар чораҳо ба мақомоти дахлдор ирсол менамоянд.

Онҳо аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоянд ва дар сурати дучор шудан ба ронандагоне, ки бо нархи нав мусофир мекашонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд, то онҳо тавонанд нисбати чунин ронандагон чорандешӣ кунанд.  

Ширкатҳои таксӣ чӣ мегӯянд?

Масъулини ҳеҷ як ширкати такси додани огоҳинома аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисориро дар мавриди баланд кардани нархи роҳкиро тасдиқ ё рад накарданд. Онҳо ба суоли мо танҳо як посух доштанд: нарх мисли пештара аст, қимат нашудааст.

Дар ҳоле, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисории кишвар даъво доранд, ки нархи роҳкиро муътадил шуда, ба ҳолати пештарааш баргаштааст, то ҳол бархе аз ширкатҳои хизматрасонӣ ва сокинон аз роҳкирои нав суҳбат мекунанд.

Зангҳои озмоишии “Азия плюс” ба маркази тамоси ширкатҳои хизматрасонии таксӣ маълум намуд, ки бархе аз онҳо то ҳол бо нархи нав фаъолият доранд. Аз ҷумла, операторони тамоси ширкати “ЯКТакси” ва “Рахш такси”гуфтанд, ки сокинон метавонанд, ки дар аввал бо 10 сомонӣ 2,5 км  раванд ва баъд ҳар км 2,5 сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки пештар аҳолӣ бо 10 сомонӣ 3 км мерафтанд ва баъди он ҳар км 2,5 сомонӣ ҳисоб крада мешуд.

  Операторони ширкатҳои хизматрасонии таксии “Asian Express” ва “Олу4а такси” гуфтанд, ки нархи роҳкирои онҳо 3 км аввал 10 сомонӣ ва боқимонда ҳар як км 2,5 сомонӣ мебошад.

Чаро

Дар пайи қиматии нархи газу бензин дар кишвар баҳси гаронии нархи роҳкирои нақлиёти мусофиркашӣ, махсусан таксиҳои фармоишӣ тӯли як моҳ аст давом дорад.

Дар аввал, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам қиматшавии нархи таксиҳои фармоиширо тасдиқ намуд ва гуфт нарх бо онҳо мувофиқа шудааст. Вале як рӯз пас бо ирсоли як мактуби расмӣ ба “Азия плюс” гуфт, нархи нав бо онҳо мувофиқа нашудааст. Мақомоти шаҳрдорӣ ҳам аз роҳбарияти ширкатҳо талаб кардаанд, ки роҳкироро баланд накунанд.

Тӯли як моҳ мешавад, сокинони Душанбе аз баландшвии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки “арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд”.

Нархи роҳкиро дар дигар минтақаҳо боло рафт

Дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бензин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст.

Акнун, шурӯъ аз 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.

Ҳамакнун, таксиҳои ба истилоҳ “3 сомона”, ки баъдан 5 сомонӣ шуданд, ҳоло 7 сомонӣ роҳкиро мегиранд.

Масъулин мегӯянд, нархҳои нав дар пайи қимат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид.

Бозбинии нархи роҳкирои нақлиёт дар Душанбе то ҳол ниҳоӣ нашудааст

То ҳол танҳо роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қимат нашудааст. Вале аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ин масъала ҳам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Рӯзи 14 сентябр  аз шаҳрдории Душанбе ба мо гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

Шурӯъ аз моҳи январи соли равон дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва баъдан камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 8, 9,5 сомонӣ дар Душанбе. Як литр бензини АИ-92 дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло чанд рӯзи охир хабарҳо дар мавриди поин омадани нархи сӯзишворӣ нашр мешавад. Бо поин шудани нархи сӯзишворрӣ то куҷо нархи роҳкирои нақлиёт ҳам паст мешавад, ҳоло маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.