Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт 10,8% афзуд

Бонки марказии Русия ҳаҷми интиқоли фаромарзии маблағҳоро, ки тариқи низомҳои пардохт тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ сурат гирифтаанд, нашр кард. Ҳаҷми умумии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар ин давра 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 тариқи низомҳои пардохт ба ҷумҳурӣ ҳудуди […]

Бонки марказии Русия ҳаҷми интиқоли фаромарзии маблағҳоро, ки тариқи низомҳои пардохт тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ сурат гирифтаанд, нашр кард.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар ин давра 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 тариқи низомҳои пардохт ба ҷумҳурӣ ҳудуди 679 млн доллар фиристода шуда буд.

Интиқоли пул тавассути низомҳои пардохт дар семоҳаи дуюми соли равон аз 327,9 млн доллар то ба 424,5 млн доллар боло рафтанд.

Ҳаҷми як интиқоли пул дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 139 доллар ва дар семоҳаи дуюм – 154 долларро ташкил додааст.

Байни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо Тоҷикистон дар ин давра аз Русия танҳо ба Ӯзбекистон зиёдтар – ҳудуди 1,3 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.

Дар ин давра аз Русия ба Қирғизистон каме бештар аз 460 млн доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи декабри соли 2019 чунин интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб сурат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.