Вокуниши Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “нархи нави таксиҳо бо мо мувофиқа нашудааст”

Asia-Plus

Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ба мақолаи “Азия плюс” дар бораи боло рафтани нархи таксиҳои фармоишӣ вокуниши расмӣ кард, ки дар он гуфта мешавад, нархҳои нав бо ин ниҳод мувофиқа нашудааст

Ин ниҳод бо ирсоли мактуби расмӣ менависад, ки “то ба ҳол ба Хадамот дархост дар хусуси баланд бардоштани нархи роҳкирои таксиҳо аз ҷониби ширкатҳои мусофиркашонӣ ва “Душанбехадамотнақлиётрасон” ворид нагардидааст ва болоравии нархи он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида нашудааст”.

Иловатан аз ин ниҳод ба “Азия плюс” гуфтанд, ки ширкатҳои хизматрасонии таксӣ роҳкироро ғайриқонунӣ аз пеши худ баланд кардаанд ва онҳо масъулинро барои баррасии масъала даъват кардаанд.

– Мо имрӯз, 1 сентябр ба ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ мактуби расмӣ ирсол намудем ва аз онҳо даъват кардем, ки барои баррасии масъала ба Хадамот ҳозир шаванд. Мо доир ба ин масъала чораандешӣ мекунем. Аз натиҷааш фардо маълумоти иловагӣ ба ВАО пешниҳод мекунем,- гуфтанд аз Хадамоти зиддинҳисорӣ.

Ҳоло маълум нест, ки пагоҳ Хадамот ва ширкатҳои хизматраоснии таксӣ ба чӣ мувофиқа мерасанд. Вале чанд рӯз аст, ки сокинони Душанбе аз баландшвии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки “арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 31 август аз маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба “Азия плюс” хабар дода буданд, ки роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе (“Рахш такси”, “Олу4а такси”, “ЯКтакси”, “Asian Express” ва ғайра) расман қиммат шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Дар ин ниҳод гуфта буданд, ки ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.

– Нархҳои нав дар пасманзарӣ қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфта буданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...