Акбаршоҳ Искандаров: “Толибон” тағйир накардаанд”

Собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров аз роҳбарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ хост, ки аз мавқеи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳалли қазияи Афғонистон ҳимоят кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае рӯзи 8 сентябр гуфта буд, ки аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари Афғонистон ҳайратзада шудааст. – Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ […]

Собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров аз роҳбарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ хост, ки аз мавқеи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳалли қазияи Афғонистон ҳимоят кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае рӯзи 8 сентябр гуфта буд, ки аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари Афғонистон ҳайратзада шудааст.

– Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеч ташаббус нишон намедиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст", – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Акбаршоҳ Искандаров дар номаи худ, ки дирӯз, 16 сентябр 2021 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)  сахт интиқод карда, бо ишора ба кишварҳое ки аз “Толибон” ҳаводорӣ мекунанд, гуфт, онҳо тағйир накардаанд.

– Баъзеҳо мутмаинанд, ки “Толибон” гӯё дигар шудаанд. Аммо имкон надорад, ки зеҳн ва мафкураи як гурӯҳи террористие, ки тайи даҳсолаҳо шакл гирифтааст ва пешаи он фақат куштор ва даҳшатафканӣ мебошад, якбора дигар шавад, – гуфтааст Искандаров.

Мавсуф “Толибон”-ро як гурӯҳи террористӣ, мутаассиб ва ақибгаро унвон карда, гуфтааст ки сари қудрат омадани онҳо дар Афғонистон ба тамоми гӯруҳҳои ифротӣ ва террористӣ рӯҳия ва илҳом бахшидааст ва Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон дар пешорӯи як истибдоди гӯшношуниди мазҳабӣ, қавмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоию забонӣ қарор гирифтааст.

Искандаров аз муборизаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ва тазоҳуроти занони Афғонистон ҳимоят карда, гуфтааст,  “онҳо барои ҳифзи арзишҳои як ҷомеаи чандмиллиятӣ, чандзабонӣ ва чандмазҳабӣ, дорои таърихи бисёрҳазорсола ва табдил нашудани он ба як ҷомеаи якқавмӣ ва мустабиди динӣ мубориза мекунанд”.

Номбурда  дар идома менависад, ки агар мо имрӯз назорагари шикастан ва ба хун нишастани муқовимати мардуми Афғонистон бошем, мутмаин бошед, ки фардо ин вабо, яъне таҳдиди истибдоди мазҳабӣ ва қавмӣ ба минтақаи мову шумо ҳам густариш ёфта, домани моро ҳам хоҳад гирифт.

Искандаров дар идома аз кишварҳои узви СААД ва СҲШ даъват мекунад, ки иҷоза надиҳанд, як таҳдиди билқувва ба як хатари билфеъл табдил шавад. 

– Бовар дошта бошед, ки дер ё зуд ба воқеияти ин гурӯҳи террористӣ пай мебаред ва ба ин қаноат хоҳед расид, ки бо ин гурӯҳ музокира ва муомила намудан, куштани виҷдон ва шарафи инсонӣ аст, – хулоса намудааст Акбаршоҳ Искандаров.

Беш аз  як моҳ мешавад, ки “Толибон” Афғонистонро тасарруф кардаанд. Ягона минтақае ки то ба ҳол зери тасарруфи Толибон нест,  дараи Панҷшер аст. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд – писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ташкил шудааст.  “Толибон” баъди ҳамла ба Панҷшер эълом карданд, ки ин вилояти Панҷшерро комилан тасарруф кардаанд. Аммо Нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер ба сурати комил суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.

Бо гузашти беш аз як моҳ Толибон то ҳол ҳукумати расмии худро эълон накардаанд. Бо ин вуҷуд онҳо чанд рӯз пеш ҳайати ҳукумати худро эълон карданд. Вале кишварҳои ҷаҳон дар шинохт ва эътирофи “Толибон” шитобкорӣ намекунанд. Онҳо “Толибон”-ро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва дигар ҷинотяҳо гунаҳкор медонанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.