Амалиёти “Корд” дар Душанбе: боздошти 17 ноболиғ

Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки кормандони милитсияи пойтахт аз 21 то 26 сентябр баргузор намуданд, 36 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Раёсат амалиёти “Корд”-ро дар пойтахт давоми се соли охир барои ошкор ва мусодираи яроқи сард, аз қабили кордҳои […]

Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки кормандони милитсияи пойтахт аз 21 то 26 сентябр баргузор намуданд, 36 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Раёсат амалиёти “Корд”-ро дар пойтахт давоми се соли охир барои ошкор ва мусодираи яроқи сард, аз қабили кордҳои гуногунтамға, кастет, электрошокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ин дафъа аз боздоштшудагон дар маҷмӯъ 26-адад кордҳои гуногунтамға, 6-адад кастет ва 4-адад чӯбдаст (дубинка) дарёфту мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 10 шабонарӯзӣ татбиқ шудааст.

Волидони ҳар кадоме аз ноболиғон ба маблағи 180 сомонӣ ҷарима шуданд.

Пас аз чандин ҳодисаҳои муноқишаи ҷавонон ва истифодаи корд дар онҳо амалиёти “Корд” баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳо ва бо пешниҳоди сокинони шаҳр гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳолатҳои зӯровариву хушунат бо истифода аз яроқи сард дар Тоҷикистон тез-тез рух медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвогии волидайну омӯзгорон ва кулли ҷомеа сабаби асосии пайо шудани зуҳуроти манфӣ байни ноболиғон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.