Дар Хатлон “корманд”-и дастгоҳи президент барои қаллобӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини ноҳияи Балҷувон Шаҳбоз Абдураҳмоновро додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои як силсила қаллобиҳо ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Абдураҳмонов танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Умед Саидов муаррифӣ намуда, ба боварии 17 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даромадааст. […]

Сокини ноҳияи Балҷувон Шаҳбоз Абдураҳмоновро додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои як силсила қаллобиҳо ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Абдураҳмонов танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Умед Саидов муаррифӣ намуда, ба боварии 17 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даромадааст.

“Бо ваъдаи мусоидат ба ҷудо шудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз онҳо дар маҳмӯъ 72 ҳазору 800 сомонӣ гирифтааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вақте одамон мефаҳманд, ки қаллоб онҳоро фиреб кардааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.