Сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва роҳи оҳан. Ҷузъиёти мулоқоти Ӯзбекистон бо “Толибон”

Дирӯз, 7 – уми октябр, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ мулоқот кард. Як рӯз пас аз ин мулоқот хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷузъиёти ин вохӯриро расонаӣ кард. Гуфта мешавад, ки Тошканд ва Кобул барои гузаронидани музокироти муштарак […]

Дирӯз, 7 – уми октябр, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ мулоқот кард. Як рӯз пас аз ин мулоқот хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷузъиёти ин вохӯриро расонаӣ кард.

Гуфта мешавад, ки Тошканд ва Кобул барои гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмизи Ӯзбакистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, ба мувофиқа расиданд ва мавзуи музокироти ояндаи онҳо масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва роҳи оҳан хоҳанд буд.

Бори аввал дар бораи ин вохӯрӣ намояндаи “Толибон” Абдулқаҳор Балхӣ дар саҳифаи “Twitter” навиштааст, хабар дода буд.

Балхӣ аз ин мулоқот чанд акс ҳам нашр кард. Ҷолиби диққат аст, ки бори аввал “Толибон” ҳангоми суҳбати намояндаи худ бо як меҳмони воломақоми хориҷӣ парчами як кишвар – Ӯзбекистонро  дар баробари парчами худ ҷой додаанд.

Аблуқаҳҳор Балхӣ аз қавли вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон навиштааст, умедвор аст “Толибон” ба зудӣ ҷойгоҳи қавии худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад. Комилов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш ба ӯҳдадориҳои худ дар бахши транзит, энержӣ ва тиҷорат бо Афғонистон пойбанд мемонанд.

ВКХ Ӯзбекистон менависад, ки Комилов дар ин сафар на танҳо бо вазир корҳои хориҷии Ӯзбекистон, балки бо муовини сардори ҳукумати муваққатии марбут ба масъалаҳои сиёсӣ Мулло Абдулкабир мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт ва ҳавопаймоии кишвар, корҳои ҷамъиятӣ, энергетика ва захираҳои оби Афғонистон иштирок доштанд.

“Ҷонибҳо дар бораи гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмез дар бораи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли Сурхон-Пули-Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул – Пешовар ба созиш расиданд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҳамзамон ҷониби Афғонистон омодагии худро барои таъмини амнияти мутахассисони ӯзбек, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ҷалб шудаанд, изҳор дошааст.

Ҷониби "Толибон" аз кумакҳои президенти Ӯзбекистон изҳори таашккур карда хостаанд, ки барои бозкушоии суратҳисобҳои Афғонистон дар хориҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунад.

Бино ба иттилои вазорат, “Толибон” қатъиян изҳор доштааст, ки ҳеҷ гоҳ ба амнияти Ӯзбекистони бародар аз қаламрави Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.

Ӯзбекистон ягона нест

Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Миёна нест, ки намояндааш бо “Толибон” мулоқот кардааст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот карда буд.

Пештар аз ин, рӯзи 23-юми сентябр Таалатбек Масодиқов, муовини раиси Шӯрои амният Ҷеенбек Кулубоев ва раиси бахши сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон барои музокирот бо “Толибон” ба Кобул рафта буданд.

18-уми август — ҳамагӣ се руз баъд аз суқути Кобул ба дасти "Толибон", консули генералии Туркманистон дар Ҳироту Мазори Шариф бо раҳбарони ин гурӯҳ дар ин минтақа мулоқот карда буд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо “Толибон” робитае барқарор накардааст. Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи “Толибон”, мақомоти Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногун аз ин гурӯҳ интиқод намуда, хостори ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон шуданд. “Толибон” дар муқобил Тоҷикистонро ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Кишварҳои минтақа, ҷаҳон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар шартҳое барои ба расмият шинохтани Толибон гузоштанд, ки ҳифзи ҳуқуқи башар, иштироки занон ва ақалиятҳо дар идораи ҳукумат, қатъи робита бо созмонҳои даҳшатафкан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.