Муҳоҷирони тоҷикро ба омӯзиш ва зиндагии шоиста дар Русия даъват карданд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даъват кардааст, ки қоидаҳои ин кишварро риоят кунанд, бештар омӯзанд ва кишвари худро мусбат муаррифӣ кунанд. Ин дастур, ки дар сомонаи намояндагӣ нашр шудааст.  амчунин намояндагӣ хостааст муҳоҷирон муйлаб ва риши худро тарзе тозаву озода нигоҳ доранд, ки атрофиён аз онҳо тарс надошта […]

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даъват кардааст, ки қоидаҳои ин кишварро риоят кунанд, бештар омӯзанд ва кишвари худро мусбат муаррифӣ кунанд. Ин дастур, ки дар сомонаи намояндагӣ нашр шудааст

амчунин намояндагӣ хостааст муҳоҷирон муйлаб ва риши худро тарзе тозаву озода нигоҳ доранд, ки атрофиён аз онҳо тарс надошта бошанд ва аз адо намудани намоз дар дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Россия муайян намудааст, даъват мекунад.

Аз муҳоҷирон хостаанд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хоса намоянд.

"Берун аз соатҳои корӣ, ки майли дилхушӣ доред ва мехоҳед ба сайёҳати мавзеҳҳои тамошобоб биравед, пас бояд нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, ба сару либос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нӯшидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад. Ҳамзамон, пас аз шаробнӯшӣ бояд нисбати атрофиён соҳибэҳтиром бошеду ба ҳайёти орому осудаи сокинони маҳаллӣ халал ворид накунед", – омадааст дар изҳороти намонядагии Тоҷикистон дар Русия.

Дар идома тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирон шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода намуда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.