Иштироки 7 муштзани тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Аз 24 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ дар чемпионат 650 варзишгар аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд, ки бесобиқа аст. Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар 11-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгар […]

Аз 24 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ дар чемпионат 650 варзишгар аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд, ки бесобиқа аст.

Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар 11-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг).

Гуфта мешавад, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.

Бори аввал дар таърихи бокси ҷаҳон чемпионат аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад.

Инчунин ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.

Ёдрас мешавад, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни 57кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни 48кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни 56кг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.