Чин ба таҳияи лоиҳаи сохтмони роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” ҳудуди 125 млн доллар медиҳад

Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 18 октябр масъалаи тасдиқи Созишномаи моҳи июли соли ҷорӣ баимзорасидаро байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт баррасӣ намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар созишнома пешниҳоди кумаки бебозгашти ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 800 млн юани чинӣ (ҳудуди 125 млн […]

Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 18 октябр масъалаи тасдиқи Созишномаи моҳи июли соли ҷорӣ баимзорасидаро байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт баррасӣ намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар созишнома пешниҳоди кумаки бебозгашти ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 800 млн юани чинӣ (ҳудуди 125 млн доллар) барои сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” дар роҳи мошингарди Душанбе – Кулма пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, масофаи қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” 80 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи корҳои таъмиру таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар 19 мавзеи назди роҳ баргузории корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 12,1 км ва бунёди дигар зерсохтори зарурӣ мутобиқи талабот ва меъёрҳои сохтмони роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон ин қитъа яке аз мавзеъҳои бештар душворгузари роҳи мошингарди Душанбе – Кулма маҳсуб меёбад.

Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ 228 млн доллар маблағгузорӣ зарур аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.